<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>F</key>
<title>Боди наврӯз вазид Хд37</title>
<lyrics>[V1]
.        Dm
 Боди наврӯз вазид,
.       C
 Рӯзи фирӯз расид,
.       Dm
 Субҳи умед дамид.
.            C            Dm
 Мужда онро, ки дар ин сол ҳаёти нав ёфт!
.Dm      C          Am        Dm
 Найири нури Масеҳош парастор омад.

[V2]
 Эй ҳама халқи ҷаҳон!
 В- эй ҳама покдилон!
 Шукри Яздон ба забон!
 Ҳама гӯеду сароед ба номи Субҳон,
 К- ояти раҳмати нав боз падидор омад.

[V3]
 Тоза гардид ҷаҳон!
 Дару дашт аст ҷавон!
 Гули нав гашта аён!
 Ба тассалои дили ғамзадагон Рӯҳулқудс
 Ба мудовои тани хастаи бемор омад.

[V4]
 Дар фироқи шаби ид,
 Дида даргашт сапед,
 Қосидам дод навид,
 Ки ҳаво рӯҳфазо асту насим анбарсой;
 Абри найсон ба чаман боз гуҳарбор омад.

[V5]
 Аз чӣ дар кунҷи хамул?
 Бенавоию малул?
 Сӯи Ҳақ бош аҷул!
 Дида аз хоб фурӯ шӯй, ки гӯӣ яксар
 Бӯи мушк аз Хутану кишвари тотор омад.

[V6]
 Даври озодии мост!
 Навбати шодии мост!
 Вақти ободии мост!
 Бод пайваста бо мо файзи Абу Ибну Рӯҳ:
 Яке аст ин севу як дар се зи асрор омад!</lyrics>
<hymn_number>37</hymn_number>
</song>